Дар Ӯзбекистон тамоми мусобиқаҳои байналмилалӣ аз сабаби коронавирус муваққатан боздошта шудаанд

0
58

Дар Ӯзбекистон  тамоми мусобиқаҳои байналмилалӣ   аз сабаби коронавирус  муваққатан боздошта шудаанд

ДУШАНБЕ, 10.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии  вуруди эпидемияи  коронавирус дар қаламрави Ӯзбекистон  чорабиниҳо ва мусобиқаҳои байналмилалӣ муваққатан боздошта шудаанд. Дар ин бора сомонаи Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ӯзбекистон  иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Бо назардошти вазъи баамаломада ва инчунин  бо мақсади таъмини  иҷрои дастуру тавсияҳои ҳукумат дар ин самт  аз ҷониби Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фармоиш ба тавсиб расидааст»,- омадааст дар хабар.

Мутобиқи фармоиши  вазорат, айни ҳол иштироки аъзои дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ҳамчунин сафарҳои кормандони   соҳаи мазкур ба хориҷа бо мувофиқати Вазорат сурат мегирад.

Ба ҷуз ин, муайян карда шуд, ки мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ (чемпионатҳо ва  ҷомҳо) дар тамоми намуди варзиш дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ  ва мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ дар ҳамоҳангӣ бо шуъбаҳои минтақавии Вазорати тандурустӣ  барпо мегарданд.

Источник: khovar.tj