Дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода мешавад

0
167

Дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода мешавад

ДУШАНБЕ, 26.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода мешавад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд.

Сарвари давлат зикр намуданд, ки мақсад аз ин пешниҳод муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳои баландихтисос мебошад.

Бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ,- афзуданд Пешвои миллат, моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосир омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем.

«Рушди сайёҳӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ин самт ба пешрафти иқтисоди миллии мамлакат такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳонро ба мамлакат зиёд менамояд ва барои таъсиси ҷойҳои корӣ имконияти бештар фароҳам меорад», — илова намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат яке аз падидаҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, тӯли фаъолияти худ шурӯъ аз соли 1991 баҳри хоҷагии халқи мамлакат ва берун аз он мутахассисони баландихтисос тайёр менамояд. Донишкада дар пешрафти иқтисодиёту илм ва фарҳанги мамлакат саҳми арзанда дорад.

Донишҷӯён дар факултетҳои хизмати молиявӣ, соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон, баҳисобгирӣ-иқтисодӣ, технологияҳои информатсионӣ, туризм ва хадамоти гумрукии Донишкада аз рӯи 23 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

 

Источник: khovar.tj