Дар вилояти Суғд Мусобиқаи кушод оид ба волейбол ҷараён дорад

0
245

Дар вилояти Суғд Мусобиқаи кушод оид ба волейбол ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 21.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 20 январ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол оғоз гардид. Дар мусобиқа 18 даста аз шаҳру ноҳия, корхонаю ташкилот, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии ҷумҳурӣ байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур тибқи қоидаи бозиҳои олимпӣ роҳандозӣ шудааст. Аз рӯи нақша дар даври аввал дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо дастаи Коллеҷи омўзгории шаҳри Хуҷанд ва дастаи Муассисаи давлатии мактаби варзишии  №3-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи ноҳияи Ашт-2 байни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа  дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо дастаи Ашт-2 ғолиб гардиданд.

Инчунин тибқи қуръапартоӣ 18 даста  байни ҳам қувваозмоӣ намуда, 9 даста: ДДҲБСТ, Ашт-1, Факултети 4-уми Академияи ВКД, Ашт-2, Ҷ.Расулов, Исфара, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Б.Ғафуров ва Истаравшан ба давраи дуюм роҳ ёфтанд.

Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳандозӣ шуда, он  то  22 январ идома меёбад.

Дар вилояти Суғд Мусобиқаи кушод оид ба волейбол ҷараён дорад Дар вилояти Суғд Мусобиқаи кушод оид ба волейбол ҷараён дорад

Источник: khovar.tj