Дар вилояти Хатлон шиддати сирояти коронавируси нави COVID-19 паст гардид

0
75

Дар вилояти Хатлон шиддати сирояти  коронавируси нави COVID-19 паст гардид

ДУШАНБЕ, 02.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлилҳои кормандони соҳаи тандурустӣ, дар ҳудуди вилояти Хатлон шиддати сирояти коронавируси нави COVID-19 нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат паст гардида, вазъи бистарикунонӣ дар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо камтар ба қайд гирифта шудааст. То ин вақт қариб чор ҳазор нафар бо бемории илтиҳоби шуш ва бемориҳои сироятӣ табобат гирифта, феълан ҳудудан 180 нафари дигар таҳти назорати табибони дармонгоҳҳои вилоят қарор доранд. Дар ин бора зимни ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии сирояти коронавирус дар вилояти Хатлон, ки дирӯз таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид, зикр шуд.

Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади таъмини иҷрои қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус — COVID-19 дар сатҳи вилоят тадбирҳои зиддиэпидемикиро ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус вусъат дода, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам корҳои безараргардонии бинои ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳо амалӣ шуда истодаанд.

Дар вилояти Хатлон шиддати сирояти  коронавируси нави COVID-19 паст гардидРаиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 дар вилоят кушода шудааст, то ин муддат 1,1 миллион сомонӣ ворид гардида, дар маҷмӯъ зиёда аз 11 миллион сомонӣ барои татбиқи тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ихтисос дода шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба масъулони Ситоди вилоятӣ ва раисони шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, таъмини шароити арзандаи корӣ барои табибони бемористонҳо, дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва баланд бардоштани маърифати тиббии кӯдакону наврасон ва ҷавонон, пешбурди корҳои оммафаҳмонӣ оид ба риояи гигиенаи шахсӣ ва дигар қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру супоришҳо дод.

Источник: khovar.tj