Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолӣ ҷаласаи кории ситод оид ба пешгирии сирояти коронавирус баргузор гардид

0
139

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолӣ ҷаласаи кории ситод оид ба пешгирии сирояти коронавирус баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 29.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал дар ҳошияи Маҷлиси  навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории ситод баргузор гардид.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳое, ки дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуданд, ҷалб намуда, супориш дод, ки масъулин ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус миёни аҳолӣ: ҷойҳои серодам, бозорҳо, масҷид, тӯю маъракаҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ тариқи ВАО васеъ ба роҳ монда шаванд ва тавассути он мутахассисони соҳа тавсияҳои худро оид ба риояи гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳангоми омодасозии ғизо, муносибат бо кӯдакон, махсусан бо тифлони навзод ба мардум пешниҳод намоянд.

Дирӯз дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус мавриди баррасӣ  қарор гирифт. Дар маҷлис доир ба тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон вобаста ба ҳолатҳои пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус гузориши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки  моҳҳои охир ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд, ба қайд гирифта нашудааст ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводи безараргардонӣ, таҷҳизоти санҷишӣ ва захираи маводи хӯрокӣ тамоми тадбирҳои фаврӣ анҷом дода мешаванд.

Тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, минбаъд низ корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини фаъолияти муназзами низоми назорати санитарию эпидемиологии мамлакат идома дода мешаванд.

Источник: khovar.tj