Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ семинар-машварат оид ба қонунгузории амалкунандаи андоз баргузор шуд

0
174

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ семинар-машварат оид ба қонунгузории амалкунандаи андоз баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 11.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи  марказӣ ва намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат оид ба қонунгузории амалкунандаи соҳаи  андоз баргузор шуд.

Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ семинар-машварат оид ба қонунгузории амалкунандаи андоз баргузор шудТибқи иттилои манбаъ,  семинар-машваратро муовини якуми  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Сангинзода  ифтитоҳ намуда, намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз рӯнамо (презентатсия) оид ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди маъмурикунонии андоз,  бақайдгирии давлатии соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқукӣ, имтиёзҳои андозӣ барои сармоягузорон ва лоиҳаҳои қарзӣ (грантӣ) ба иштирокдорон  маълумоти муфассал доданд.

Дар анҷоми семинар-машварат  вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида мубодилаи афкор сурат гирифт. Тасмим гирифта шуд, ки чунин семинар-машваратҳо дар зерсохторҳои вазорат низ баргузор карда шаванд.

Источник: khovar.tj