Дар Вазорати корҳои дохилӣ Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсусро таҷлил карданд

0
193

Дар Вазорати   корҳои дохилӣ Рӯзи таъсиси  Воҳидҳои таъйиноти махсусро таҷлил карданд

ДУШАНБЕ, 05.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсус дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он  Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода,  роҳбарияти вазорат, масъулини ҷузъу томҳои мақомот ва ҳайати шахсии Раёсати Воҳидҳои таъйиноти махсус иштирок намуда, аз далерию ҷоннисории хизматчиёни воҳидҳои мазкур дар солҳои соҳибистиқлолии  мамлакат ёдовар шуданд.

Тавре аз  маркази  матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  ба ин муносибат Рамазон Раҳимзода  афсарон ва хизматчиёни Воҳидҳои таъйиноти махсусро табрик намуда, зикр кард, ки «Воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД  аз зумраи он  ҷузъҳои мақомоти корҳои дохилианд, ки зодаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошанд. Саҳми кормандони ин ниҳод аз рӯзҳои аввали таъсис то ба имрӯз  дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ  ва амнияти мардум  беназир аст.  Кормандони ин даста ҳамеша дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ  пешсаф мебошанд».

Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба  тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус Воҳидҳои таъйиноти махсус ёдовар шуда,  таъкид гардид, ки бо тақозои замон дар зарфи беш аз 28 соли соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ҷузъу томҳои гуногун таъсис ёфтаанд.

Ҳамчунин дар ҷамъомад иттилоъ дода шуд, ки ба ғайр  аз пойтахт, ҳамчунин ҷузъҳои Воҳидҳои таъйиноти махсус дар ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт самаранок фаъолият мебаранд, ки ҳамаи онҳо бо тамоми шароити мусоиди хизмат ва техникаву лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд. Барои машқгузаронӣ ва такмили ихтисосу маҳорати ҳайати шахсии ин ҷузъи муҳими мақомоти корҳои дохилӣ бошад, дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва минтақаи Рашт машқгоҳу марказҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, ки бо тамоми шароити зарурӣ муҳайё мебошанд.

Воҳидҳои таъйиноти махсус яке аз ҷузъҳои муҳими Вазорати корҳои дохилӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти он дар асоси Конститутсия, қонунҳои амалкунандаи мамлакат  ва амру фармонҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба зиммаи воҳидҳои мазкур дар шароити душвори замони муосир вазифаҳои басо вазнину сангин ва дар баробари ин, хеле масъулиятнок, аз қабили мубориза бо тамоми зуҳуроти терроризму экстремизм, безараргардонии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноятӣ ва доир намудани амалиёти махсус меистанд.

Мавриди зикр аст, ки Воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД вобаста ба тақозои замон, тадриҷан бо шароити мусоиди хизмат, биноҳои маъмурӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, либос, таҷҳизоту техникаи автомобилӣ ва зиреҳпӯш, силоҳу лавозимоти ҳозиразамони ҷангӣ, толорҳои варзишӣ, машқгоҳҳои махсуси муҷаҳҳаз бо тамоми ҷиҳози лозимӣ дар ҳудуди шаҳр ва машқгоҳҳои саҳроии кӯҳӣ пурра таъмин мебошанд.

Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ хизматчиёни Воҳидҳои таъйиноти махсус бо ифтихорномаву сипосномаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар Вазорати   корҳои дохилӣ Рӯзи таъсиси  Воҳидҳои таъйиноти махсусро таҷлил кардандДар Вазорати   корҳои дохилӣ Рӯзи таъсиси  Воҳидҳои таъйиноти махсусро таҷлил карданд Дар Вазорати   корҳои дохилӣ Рӯзи таъсиси  Воҳидҳои таъйиноти махсусро таҷлил карданд Дар Вазорати   корҳои дохилӣ Рӯзи таъсиси  Воҳидҳои таъйиноти махсусро таҷлил карданд

Источник: khovar.tj