Дар Турсунзода Маркази машваратӣ оид ба пешгирии COVID- 19 таъсис дода шуд

0
145

Дар Турсунзода Маркази машваратӣ оид ба пешгирии COVID- 19 таъсис дода шуд

Маркази машваратӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 ба сокинон чиҳати дарёфти табибони минтақавию оилавӣ кумак мерасонад

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Бо ташаббуси раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода дар шаҳр Маркази машваратӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) таъсис дода шуд.

Дар марказ мутахассисони соҳаи тиб ба суолҳои сокинон посух медиҳанд.

Агар шаҳрвандони шаҳрро ягон нишонаи беморӣ азият диҳад ва ё вобаста ба пешгирии паҳншавии бемори сироятии коронавирус маълумоти иловагӣ гирифтан хоҳанд, ба Маркази машваратӣ дар тамос мешаванд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Гуфта мешавад, ки Маркази машваратӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) инчунин ба сокинон  чиҳати дарёфти табибони минтақавию оилавӣ кумак мерасонад.  Мақсади Марказ ҳамоҳангсозии фаъолият миёни корафтодагон ва табибон мебошад.

Ёдрас мешавем, ки оғоз аз 16 май дар Тоҷикистон сомонаи махсуси Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи https://covid.tj/ вобаста ба масъалаҳои коронавирус ба фаъолият оғоз намуд.

 

 

Источник: sputnik-tj.com