Дар Туркия нахустин форуми сайёҳии Тоҷикистону Туркия ва ҷаласаи комиссияи муштарак доир гардид

0
141

Дар Туркия нахустин форуми сайёҳии Тоҷикистону Туркия ва ҷаласаи комиссияи муштарак доир гардид

ДУШАНБЕ, 21.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода 19 декабр ба шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия сафар намуд. Ин сафар дар доираи татбиқи “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” сурат гирифт,- хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Дар шаҳри Истанбул 19 декабр нахустин Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид. Дар кори Форум роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия, намояндагони Вазорати фарҳанг ва туризми Ҷумҳурии Туркия, доираҳои сайёҳӣ, коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳарду давлат  ширкат намуданд.

Форумро Раиси Шӯрои тиҷоратии Туркияву Тоҷикистон Маҳмут Эр ифтитоҳ намуда, таассуроти худро аз дидаҳояш аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода, Бохтар, Данғара ва Балҷувон ба иштиркчиёни Форум нақл карда, Тоҷикистонро воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо ва меҳмоннавоз унвон кард. Ӯ ба иштирокчиёни Форум тавсия дод, ки аз Тоҷикистон боздид намоянд ва аз имкониятҳои фавқулоддаи сайёҳии он баҳравар шаванд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода оид ба имкониятҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, таърихиву фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва саргузаштию шикор, обҳои шифобахш ва табобатӣ ба ширкаткунандагони ҳамоиш маълумоти муфассал манзур намуд, ки аз ҷониби иштирокчиён бо таваҷҷуҳи зиёд қабул гардид.

Дар баробари ин, диққати намояндагони соҳаи сайёҳии Туркия ба ислоҳот дар самти рушди сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷорӣ гардидани низоми раводиди электронӣ, пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эътироф шудани соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷалб карда шуд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён зимни суханронии худ оид ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд миёни Тоҷикистон ва Туркия маълумот дод.

Дар доираи Форуми сайёҳии Тоҷикистону Туркия намоишгоҳи сайёҳӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, меваҳои тару тозаи Тоҷикистон ташкил карда шуда, беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аксҳои ҷолиби манзараҳои табиати Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.

Дар Туркия нахустин форуми сайёҳии Тоҷикистону Туркия ва ҷаласаи комиссияи муштарак доир гардид Дар Туркия нахустин форуми сайёҳии Тоҷикистону Туркия ва ҷаласаи комиссияи муштарак доир гардид Дар Туркия нахустин форуми сайёҳии Тоҷикистону Туркия ва ҷаласаи комиссияи муштарак доир гардид

Як қатор маводи иттилоотии сайёҳӣ, аз қабили харитаву роҳнамо, дискҳо, маҷаллаву варақаҳо ба дӯстдорони сайру саёҳат пешниҳод карда шуд.

Дар доираи сафар 20 декабр ҷаласаи аввали Комиссия муштараки соҳаи сайёҳии Тоҷикистону Туркия баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ  дар соҳаи сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар натиҷаи он  байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.

Дар Туркия нахустин форуми сайёҳии Тоҷикистону Туркия ва ҷаласаи комиссияи муштарак доир гардидҲамчунин худи ҳамин рӯз мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Мехмет Нурӣ Эрсой баргузор гардид. Дар доираи ин мулоқот вобаста ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкории  ду ҷониб дар соҳаи сайёҳӣ мувофиқаҳои дахлдор ҳосил шуданд.

Мусоидат дар ҷалби сармояи Ҷумҳурии Туркия ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Туркия оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии кишвар дар самти хизматрасонӣ ва ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои кормандони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Ҷониби Туркия ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат баҳои баланд дода, омодагии худро баҳри густариши ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия иброз намуд.

Сафари ҳайат то 22 декабр идома ёфта, дар доираи он намояндагони Тоҷикистон аз маконҳои таърихию фарҳангии шаҳри Истамбул дидан хоҳанд кард.

Источник: khovar.tj