Дар Туркия ҳангоми заминларза дар марз бо Эрон ҳафт нафар ҳалок шуданд

0
163

Дар Туркия ҳангоми заминларза  дар марз бо Эрон ҳафт нафар ҳалок шуданд

ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминларзае, ки имрӯз дар шарқи Туркия, дар наздикии марз бо Эрон  рух дод, ҳадди ақал ҳафт нафар  ҳалок шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ТАСС бо истинод  ба вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу иттилоъ медиҳад.

Тавре Сойлу дар шабакаи телевизионии Haber Turk зикр намуд, дар вилояти Ван чор кӯдак ва се калонсол  фавтиданд, панҷ шаҳрванди дигар захмӣ гашта, ба беморхона расонда шуданд.

Заминҷунбӣ бо шиддати 5,7 дараҷа дар шимолу ғарби Эрон ва минтақаи наздисарҳадии Туркия  ба қайд гирифта шуд. Манбаи   зилзила дар умқи 5 км ҷойгир буда, маконаш  дар километри 141-и қисмати ғарби шаҳри Табрез  қарор доштааст.

Баъдан намояндаи расмии  Созмони ҳолатҳои фавқулодаи Эрон Муҷтабу  Холидӣ  ба Agence France-Presse  изҳор намуд, ки ҳадди ақал 25 нафар аз заминларзаи Эрон  осеб дидаанд. Ҳафт нафар дар касалхона  бистарӣ гашта,  дар бораи саломатиашон алҳол маълумот дастрас нашудааст. Якчанд  хонаҳо дар чор деҳаи  дар назди маркази зилзила воқеъбуда дар натиҷаи заминҷунбӣ хароб гардидаанд.

АКС аз Haber Turk

Источник: khovar.tj