Дар Тошканд Конфронси байналмилалии СМЗ СҲШ «Мубориза бо терроризм -ҳамкории бидуни сарҳад» оғоз гардид

0
119

Дар Тошканд Конфронси байналмилалии СМЗ СҲШ «Мубориза бо терроризм -ҳамкории бидуни сарҳад» оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 07.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр дар Тошканд Конфронси байналмилалии Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СМЗТ СҲШ) «Мубориза бо терроризм — ҳамкории бидуни сарҳад» оғоз гардид.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сарчашмаи «Синхуа» хабар дод.

Ба гуфтаи директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ  Ҷумахон Ғиёсов, иштирокчиёни конфронс муддати ду рӯз оид ба мубориза бо терроризм аз рӯи таҷрибаи андӯхта мубодилаи афкор намуда, ҳамзамон заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории байналмилалӣ бо терроризмро дар ин самт муҳокима менамоянд.

Источник: khovar.tj