Дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд

0
138

Дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 16:15 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон  заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркзи заминларза 149 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии  Душанбе, дар Афғонистон ҷойгир мебошад.

Ба иттилои маркази  зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қувваи заминларза аз рӯи ҷадвали Рихтер дар  марказ 4 ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балро ташкил дод.

Дар натиҷаи заминҷунбӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

Источник: khovar.tj