Дар Тоҷикистон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ ифтитоҳ шуд

0
6

Дар Тоҷикистон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ ифтитоҳ шуд

Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ буда, дар сохтори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ фаъолият менамояд

ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Дар Душанбе Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ ифтитоҳ шуд. 

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш медиҳад, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20 — солагии Созмони ҳамкории Шанхай дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Зимни ифтитоҳи Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон намояндагони кишварҳои узви созмон иштирок доштанд.

Ректори Академия иброз дошт, яке аз чорабиниҳои сатҳи баланд, ки имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, нишасти сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.

Мутобиқи муқаррароти СҲШ соли 2021 раёсат дар созмони мазкур аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт, ки он ба 20-солагии таъсиси ин созмони бонуфуз рост меояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи ин созмони байналмилалии минтақавӣ буда, дар рушду равнақи он саҳми босазо дорад. 

Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ буда, дар сохтори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ ва тақвияти созмон фаъолият менамояд.

Ҳамчунин самтҳои асосии фаъолияти маркази мазкур тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни давлатҳои аъзо, мусоидат ба эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек, ҳамбастагӣ байни миллатҳо ва мазҳабҳо мебошад.

Источник: sputnik-tj.com