Дар Тоҷикистон Фестивали филмҳо ва мусиқии Руминия баргузор мешавад

0
163

Дар Тоҷикистон Фестивали филмҳо ва мусиқии Руминия баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 03.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 4 декабр дар  Муассисаи давлатии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба Рӯзи миллии Руминия Фестивали филмҳо ва мусиқии Руминия баргузор мегардад.

Дар барномаи консертӣ Ансамбли мусиқӣ ва рақси анъанавии руминиягии Донишгоҳи Трансилванияи Брашов тамошобинони тоҷикро бо рақс ва мусиқии классикӣ ва миллию муосири мардуми Руминия шинос мегардонад.

Рӯзҳои 6-7 декабр дар шаҳри Душанбе баргузории Фестивали филмҳои руминиягӣ низ дар назар аст.

Ҳаводорони санъати кино тӯли ин рӯзҳо метавонанд аз беҳтарин намунаҳои осори коргардонҳои Руминия баҳра бардоранд.

Намоиши филмҳо 6 декабр, соати 14:00 ва 18:00, 7 декабр, соати 11:00 ва 18:00 дар толори кинои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар назар аст.

Тамошои филмҳо дар доираи фестивал ройгон мебошад.

Источник: khovar.tj