Дар Тоҷикистон Ҳафтаи филмҳои русӣ сурат мепазирад

0
195

Дар Тоҷикистон Ҳафтаи филмҳои русӣ сурат мепазирад

ДУШАНБЕ, 09.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 20 ноябр дар Тоҷикистон Ҳафтаи филмҳои русӣ  баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, Ҳафтаи филмҳои русӣ бо ташаббусу дастгирии Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ФЕСТСИНЕМА» ва Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар назар аст, ки дар ин рӯзҳо филмофарони рус дар Кохи кино, воқеъ дар кинотеатри «Зебуниссо» ба бинандаҳои тоҷик филмҳои наверо, ки маънии баланди фарҳангию иҷтимоӣ доранд, намоиш диҳанд.

Ҳадафи баргузории ҳафтаи мазкур ҷалби тамошобинон ба кинои  рус ва густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни Россия ва Тоҷикистон мебошад.

Дар доираи барномаи мазкур филмҳои «Замоне дар Трубчевск» (коргардон Лариса Садилова, 2019), «Одесса» (коргардон Валерий Тодоровский, 2018), «Якшанбе» (коргардон Светлана Проскурина, 2019), «Керосин» (коргардон Юсуф Розиқов, 2019), «Ин доимӣ нест» (коргардонҳо Евгения Яскина ва Алёна Рубинштейн, 2019) ва «Хоҳарак» (коргардон Александр Галибин, 2019) намоиш дода мешаванд.

Дар Тоҷикистон Ҳафтаи филмҳои русӣ сурат мепазирад Дар Тоҷикистон Ҳафтаи филмҳои русӣ сурат мепазирадЁдовар мешавем, ки ҶДММ «ФЕСТСИНЕМА» бо роҳбарии Сергей Лос «Ҳафтаи филмҳои русӣ»-ро аллакай дар чандин давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барпо кардааст.

Дар Душанбе низ дар доираи ин чорабинӣ вохӯрии эҷодӣ бо синамогарони машҳури рус ва намоиши шаш филми русӣ дар Хонаи — кино «Зебунисо», ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Садриддин Айнӣ 131 воқеъ аст, дар назар дошта шудааст.

Источник: khovar.tj