Дар Темурмалик бо саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёду навсозии роҳҳо идома доранд

0
202

Дар Темурмалик  бо саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёду  навсозии роҳҳо идома доранд

ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба истикболи  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик корҳои ободонию созандагӣ  идома доранд. Аз ҷумла, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик   ва  саҳми соҳибкорони маҳаллӣ  корҳои тахту ҳамворкунии роҳҳо  дар маҳаллаи навбунёди 20-солагии Истиқолияти ҷамоати шаҳраки Совет ба анҷом расида, мумфаршкунии  он оғоз гардидааст.

Тавре  мухбири  минтақавии  АМИТ «Ховар»  Сулаймон Холов хабар медиҳад, роҳҳои маҳаллаи мазкур ба талаботи имрӯза мумфарш гардида, зимни  бунёди онҳо қоидаҳои роҳсозӣ пурра риоя мегарданд. Бояд гуфт, ки  айни замон  дар ин маҳаллаи навбунёд беш аз 150 оила зиндагӣ мекунанд ва давоми ду соли оянда хонаҳои истиқоматии он  ба 350 адад  мерасанд.

Мумфаршкунии роҳҳо бо саҳми соҳибкорони ватанӣ дар ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳия  низ бомаром  идома дорад. Дар  ҷамоати  мазкур  мумфаршкунии  роҳҳоро Муасссисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия  ба уҳда дорад.

Дар Темурмалик  бо саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёду  навсозии роҳҳо идома дорандБино ба иттилои сардори  ин муассиса  Ҳусейн Саидзода,  дар ноҳия  аз ҷониби соҳибкорон корхонаи асфалтбарорӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки он  кори роҳсозони ноҳияро  осон мегардонад. Бо истифода аз имконоти мавҷуда дар ҷамоати деҳоти  Танобчӣ  қисмати зиёди роҳҳои байни деҳаҳо ва маркази ҷамоат сангфаршу  мумфарш карда шудаанд.

Дар ҷамоати деҳоти Танобчӣ аз ҷониби соҳибкорони  маҳаллӣ  сохтмони ҳучраҳои иловагӣ барои бунгоҳи тиббӣ ва Маркази саломатӣ  низ  идома дорад. Мавриди зикр аст, ки  баъди ба истифода  додани  ин  муассисаҳои тандурустӣ  ба беш аз 3 ҳазор аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида мешавад. Сокинони ҷамоати мазкур  низ дар  корҳои сохтмонӣ саҳм мегузоранд. Соҳибкори маҳаллӣ  Зикрулло Қурбонов дар маркази ҷамоати мазкур 70 фоизи корҳои сохтмонии бинои боғчаи бачагонаро барои 60 нафар кӯдак анҷом додааст. Боғчаи мазкур дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад. Дар  ноҳия  бахшида ба ин ҷашни фархунда   аз ҷониби  дигар корхонаю ташкилот, муассисаҳои тандурустию фарҳанг ва маориф корҳои ободонӣ идома доранд.

Источник: khovar.tj