Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиш-фурӯши китоб ҷараён дорад

0
61

Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ   намоиш-фурӯши китоб  ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 29.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамин  лаҳзаҳо  дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ  аз ҷониби нашриёти «Адиб» намоиш-фурӯши китоб  ҷараён дорад. Дар он аз тамоми қишрҳои ҷомеа дилбохтагон ва дӯстдорони китобу каломи бадеъ ҷамъ омадаанд. Дар намоиш-фурӯши имрӯза асарҳои зиёди нависандагони тоҷик ва адабиёти хориҷӣ ба намоишу фурӯш гузошта шудаанд.

Тавре директори нашриёти мазкур Давлат Сафар дар саҳифаи фейсбукии худ хабар медиҳад, намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр аз соати 8  оғоз гардида, то соати 13  дар бинои Театри опера ва балет идома  меёбад.  Дар намоиш-фурӯш  200 номгӯй китоб, ки фарогири мавзӯъҳои мухталиф буда, 5000 нусхаро ташкил медиҳанд,   пешниҳоди дӯстдорони мутолиа  гардидаанд.

Толибони китоб имрӯз  имкон доранд, ки дар  китобҳои харидаашон адибон соядаст гузошта, ҳамзамон бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос  ва ҳамсуҳбат шаванд. Шефтагони китоб инчунин метавонанд доир ба   китобҳои тозанашр  маълумоти муфассал пайдо намоянд.

Источник: khovar.tj