Дар Теҳрон машваратҳои консулии Тоҷикистону Эрон баргузор гардиданд

0
160

Дар Теҳрон машваратҳои консулии Тоҷикистону Эрон баргузор гардиданд

ДУШАНБЕ, 12.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10-11 ноябр дар Теҳрон нишасти чоруми машваратҳои консулӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳайати Тоҷикистонро, ки шомили кормандони масъули Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, Сафири Тоҷикистон дар Эрон Н.Зоҳидӣ ва ҳайати Эронро Мудири кулли Идораи консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон А.Муҳаммадӣ роҳбарӣ карданд.

Дар чаҳорчӯби машваратҳо ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба робитаҳои консулӣ миёни ду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд. Нишасти мазкур бо имзои протоколи машваратҳо ба анҷом расид.

Источник: khovar.tj