Дар Суғд масъалаи баланд бардоштани сатҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа баррасӣ гардид

0
240

Дар Суғд масъалаи баланд бардоштани сатҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 05.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Баланд бардоштани сатҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа» — ин мавзӯъ  дар ҳамоиши ҷумҳуриявиии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар  Осоишгоҳи «Баҳористон»-и вилояти Суғд доир гардид, мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифт. Дар ҳамоиш муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД  Фарҳодбек Шодмонзода, сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Зикрулло Ҳукуматулло, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Қудратулло Назарзода, намояндаи Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе Баҳром Абдуллоев, масъулини  ҷузъу томҳои ВКД, раисон ва аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳамкории милитсия аз шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, ки беш аз сад нафарро дар бар мегирифт, иштирок намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода  зикр кард, ки «мо боварӣ дорем ин нишаст, ки дар доираи тадбирҳои Барномаи ислоҳоти милисия доир  гардид, барои мубодилаи афкору таҷриба, баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии кормандон,  махсусан дар самти тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мусоидат менамояд».

«Яке аз вазифаҳои асосии милитсия -ин барқарор намудани ҳамкории зич бо ҷомеа мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ  бахшида ба Рӯзи милитсия иброз намуда буданд:  «Ҳадаф аз тадбиқи ислоҳоти милитсия- ин ҳамкории зич  бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад»,-илова кард муовини Вазир.

И.Умарзода ҳамчунин таъкид намуд, ки «имрӯз Вазорати корҳои дохилӣ эътироф менамояд, ки иштироки ҷомеа тавассути таъсис додани боварӣ ва дастгирии мақомоти милитсия дар ҳалли масъалаҳои ҷиддии амниятӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкору пешгирии ҷинояткорӣ ҳамчун як усули самаранок ва хеле муҳим дар ҳалли мушкилоти бехатарӣ мебошад. Зеро милитсия дар танҳоӣ ба ҳаллу фасл намудани ҳамаи мушкилоти амнияти ҷомеа ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ қодир нест. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳарчи бештар роҳу усулҳои самараноки ҳамкории милитсия бо ҷомеаро роҳандозӣ намоем».

Дар Суғд масъалаи баланд бардоштани сатҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа баррасӣ гардид Дар Суғд масъалаи баланд бардоштани сатҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа баррасӣ гардид

Афсари миллӣ оид ба мусоидати раванди ислоҳоти милитсия дар Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе Баҳром Абдуллоев зикр намуд, ки ҳамкории қавии аҳли ҷомеа бо мақомоти милитсия меҳвари асосии барномаи ислоҳоти милитсия маҳсуб мешавад. «Аз ин лиҳоз, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баҳри наздик намудани шаҳрвандон ва эътимоднокии онҳо ба кормандони милитсия  тадбирҳои зарурӣ  меандешад. Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе омода аст дар мувофиқа бо созишномаҳои баимзорасида барои амалишавии раванди ислоҳоти милитсия тамоми имкониятҳоро истифода намояд», — афзуд номбурда.

Сипас  Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД  Фарҳодбек Шодмонзода оид ба корҳои то ба имрӯз анҷомдода, дастовардҳои ВКД оид ба раванди ислоҳоти милитсия, аз ҷумла қабули Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия, нақшаи амаликунонии Барномаи мазкур, вохӯриву курсҳои омӯзишии доиргардида, фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти пурсамари телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ  тавассути шумораи  221-21-21, телефони «Мадад 19-19», таъсису саҳми сомонаи расмии ВКД, маркази тестӣ, фаъолияти нозирон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, дружинаҳои ихтиёрӣ, марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва дигар дастовардҳои ВКД  маълумот дод.

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд  Қудратулло Назарзода аз фаъолияти шабонарӯзии кормандони милитсия, ҳамкории судманди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо шаҳрвандон, шароити кории муҳайёгардидаи шӯроҳои ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сухан гуфт. Мавсуф аз ҷумла, зикр кард, ки нозирони минтақавӣ пайваста бо намояндагони шӯроҳои ҷамъиятӣ дар маҳалу ҷамоатҳо вохӯриҳо гузаронида, кӯшиш менамоянд, то аҳолиро бо раванди ислоҳоти милитсия ва ҳамкории мутақобила шинос намоянд.

Сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Зикрулло Ҳукуматулло зикр кард, ки дар баробари фаъолияти шабонарӯзии нозирони минтақавӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкору пешгирии қонуншиканиҳо, посдории волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар баргузории чорабиниҳо, инчунин саҳми намояндагони шӯроҳои ҷамъиятӣ ва Дружиначиёни ихтиёрӣ, ҷавонони гурӯҳи «Авангард» назаррас мебошад.  Онҳо пайваста дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию маҳаллӣ иштирок намуда, дар ҳамкории зич бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қарор доранд.

Муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Абдуқодир Мирзозода оид ба мақом ва иқтидори бузурги ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти гурӯҳи ҷавонони «Авангард», вохӯриву чорабиниҳои доирнамудаи онҳо бо донишҷӯён  ва ҷавонони дигар шаҳру навоҳии  ҷумҳурӣ, тақвият ёфтани ҳамкории аҳолӣ бо кормандони милитсия, саҳми онҳо дар корҳои ободониву ҷамъиятӣ  ибрози андеша намуд. Ӯ зикр  кард, ки дар ин самт боло бурдани нақши ҷавонон ва истифодаи неруи онҳо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоии ҷомеа, инчунин таълиму тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватанпарварию худшиносӣ аз масъалаҳои муҳим маҳсуб  мешавад.

Дар ҳамоиш  сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ  Умарҷони Эмомалӣ аз мақоми шӯроҳои ҷамъиятӣ, саҳми онҳо дар наздик гардонидани робитаи шаҳрвандон бо кормандони милитсия  ёдовар шуда, зикр кард, ки «мо, намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, шӯроҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилоту ҷамъиятҳое, ки дар амалишавии раванди ислоҳоти милитсия фаъолият доранд, барои сазовор шудан ба боварии шаҳрвандон ва эътимоди онҳоро ба даст овардан бояд пайваста миёни аҳолӣ бошем  ва он муаммоҳоеро, ки садди роҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа  гардидаанд, дар ҳамбастагӣ  бартараф намоем».

Дар идомаи ҳамоиш роҳбарон ва намояндагони шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру вилоятҳо ва навоҳии ҷумҳурӣ аз фаъолияти шӯроҳо, камбудиҳои ҷойдошта ва барномаҳои амалинамудаашон ҳисобот доданд.

Сипас Икром Умарзода ба  як зумра роҳбарону намояндагони шӯроҳои ҷамъиятӣ  барои саҳми арзанда гузоштан дар тақвият ёфтани  ҳамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ «Ифтихорнома»  ва «Раҳматнома»-и Вазири корҳои дохилиро супурд.

Дар фарҷоми ҳамоиш  иштирокдорон оид ба нақшаи дурнамои шӯроҳо ибрози назар намуда, барои пешбурди фаъолияти самараноки он таклифу пешниҳодҳо намуданд.

Дар Суғд масъалаи баланд бардоштани сатҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа баррасӣ гардид Дар Суғд масъалаи баланд бардоштани сатҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа баррасӣ гардид

 

Источник: khovar.tj