Дар Суғд истеҳсоли гӯшт ва шир рӯ ба афзоиш ниҳодааст

0
224

Дар Суғд  истеҳсоли  гӯшт ва шир рӯ ба афзоиш ниҳодааст

ДУШАНБЕ, 11.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019  ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар вилояти Суғд  58 648,6 тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли пешин  зиёд мебошад. Соли гузашта истеҳсоли гӯшт дар  хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров,  Зафаробод, Исфара, Ашт, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора аз  маркази матбуотии раиси вилояти Суғд  ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,   дар вилоят  ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ,  аз ҷумла  моҳии пешонағафсӣ сафед 21,4 фоиз, зағорамоҳӣ  14,3 фоиз, амури сафед  10,9 фоиз, суфмоҳӣ  9,2 фоиз ва дигар намуди он   44,2 фоизро ташкил намудааст. Ҳамчунин ҳаҷми истеҳсоли шир ба 269 224,9 тонна  расида, ба миқдори 429 миллиону 919,3 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 зимни суханронӣ бо кормандони соҳаи саноати мамлакат  изҳор доштанд, ки «Барои ҳавасманд намудани фаъолият дар самти истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, рушди соҳаи парандапарварӣ ва моҳипарварӣ, истеҳсоли хӯроки чорво, моҳӣ ва паранда низ имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ҷорӣ карда шуданд. Илова бар ин, соли равон воридоти чорвои зотӣ ва гӯштӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд».

Бояд гуфт, ки ҳамин имтиёзҳои ҷоринамудаи Ҳукумати мамлакат аст, ки дар вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ  соҳаи муҳими истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти  он – чорвопарварӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ рушд меёбад.

Источник: khovar.tj