Дар Суғд Фестивали вилоятии «Атласу адрас» баргузор мешавад

0
163

Дар Суғд Фестивали вилоятии «Атласу адрас» баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ охирҳои  моҳи марти соли равон дар вилояти Суғд Фестивали вилоятии «Атласу адрас» баргузор мешавад. Ба 12 нафар ғолибони озмун аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ ва ба барандаи Шоҳҷоиза 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории фестивали мазкур тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, рушди саноати сабук ва мусоидат ба равнақ ёфтани атласу адрасбофӣ дар мамлакат мебошад.

Фестивали вилоятии «Атласу адрас» дар ду давр баргузор шуда, даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази вилоят доир мегардад. Дар он ҳунармандон, корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, рассомон, тарроҳон ва дӯзандагони алоҳидаи вилоят метавонанд иштирок намуда, ҳунару маҳорати худро нишон диҳанд. Дар доираи Фестивал озмун доир шуда, ғолибон аз рӯи бахшҳои «Беҳтарин либоси кӯдакона», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси идона» ва «Беҳтарин либоси арӯсию домодӣ» муайян карда мешаванд. Тибқи шарти асосии озмун либосҳои дӯхтаи иштирокчиён бояд аз матоъҳои атласу адраси миллӣ омода шуда бошанд.

Источник: khovar.tj