Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун эълон гардид

0
103

Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун эълон гардид

ДУШАНБЕ, 16.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  дар вилояти Суғд  барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун эълон менамояд. Ин Озмун  дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд   «Дар бораи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик» роҳандозӣ гардидааст. Ҷоизаи мазкур дар рӯзи таҷлили ҷашни матбуоти тоҷик ба ғолиби (ғолибони)  озмун супурда мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд  хабар медиҳад, дар  озмун кормандони воситаҳои ахбори омма, ки узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, камаш панҷ сол ба  он шомил ҳастанд ва дар расонаҳои хабарии маҳаллӣ фаъолият доранд ё аз нашрияҳои марказӣ ва хориҷӣ дар вилоят намояндагӣ мекунанд, метавонанд  довталабӣ намоянд.

Муаллифон имкон доранд ба озмун маводи худро, ки   дар жанрҳои очерк, публитсистика, мақолаҳои таҳлилӣ ва жанрҳои бадеӣ, аз ҷумла силсилаи ҳикояву ҳаҷвияҳо, ҳазлу мутоиба эҷод гардидаанд ва  дар матбуоти даврии қаламрави вилояту  ҷумҳурӣ дар соли 2019  ба нашр расидаанд, пешниҳод  намоянд.

Маводи журналистон, ки дар озмуни вилоятии рӯзноманигорон таҳти унвони «Хомаи созанда – 2019» пешниҳод шуда, ғолиб дониста нашудаанд, барои баррасӣ қабул карда намешаванд.

Источник: khovar.tj