Дар шаҳри Роғун корҳои санитарию зиддиэпидемикӣ пурзӯр карда мешаванд

0
104

Дар шаҳри Роғун корҳои санитарию зиддиэпидемикӣ пурзӯр карда мешаванд

РОҒУН, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди шаҳри Роғун ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти коронавируси намуди нави COVID-19 корҳои санитарию зиддиэпидемикӣ пурзӯр карда  мешаванд. Бо таваҷҷуҳ ба ҳолати ҷойдошта ба тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаю идораҳои кории мавҷуда, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, корхонаҳои сохтмонии ҳудуди ҶСК НБО «Роғун» барои гузаронидани корҳои иловагии санитарию зиддиэпидемикӣ мактуби расмӣ ирсол карда шудааст. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тамоми ташкилоту муассисаҳо муваззаф гардидаанд, ки талаботи қарори Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани чорабиниҳои иловагии санитарию зиддиэпидемикӣ (профилактикӣ) ҷиҳати пешгирии воридшавӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пурра риоя намоянд.

Дар шаҳри Роғун корҳои санитарию зиддиэпидемикӣ пурзӯр карда мешавандТибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, то ин замон дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, идораҳои давлатию ғайридавлатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, биноҳои ташкилоти сохтмонӣ корҳои безараргардонӣ бо маҳлулҳои тамизкунанда гузаронида шуда, таъминот бо маводи аввалини пешгирикунанда низ ба роҳ монда шудаанд.

Дар шаҳр шурӯъ аз 2 апрели соли равон барои андешидани тадбирҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода шуда, бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намудаанд. Гурӯҳҳои корӣ ҳамзамон вазифадор гардиданд, ки вазъи бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатиро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Ҳамзамон роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода зимни мулоқот бо аҳолӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани атрофи биноҳои истиқоматию маъмурӣ, манзилҳои зист, риояи гигиенаи шахсӣ, тозагии назди даромадгоҳҳои биноҳои бисёрошёна, кам намудани рафтуомад дар ҷойҳои серодам, назорати доимии кӯдакону наврасон дар кӯчаю хиёбонҳо ва дигар масъалаҳои зарурӣ суҳбат намуд.

Источник: khovar.tj

no images were found