Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис баргузор мегардад

0
111

Дар  шаҳри Душанбе   Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 02.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ аз 16 то 19 март дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис доир мегардад. Мусобиқаи мазкур  байни ҷавонону наврасони 10-13 ва 14 -17-сола гузаронида мешавад.

Ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бо мақсади тарғиби тарзу ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасон ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи теннис дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон, муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарони наврас баргузор мешавад. Дар ин  бора  котиби матбуоти  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур аз 16 то 19 март дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгароне, ки дар марҳилаи интихобии дуюми мусобиқа дар сатҳи минтақа, вилоят ва шаҳри Душанбе ғолиб гардидаанд, иштирок мекунанд.

Дастаҳои иштирокчӣ:

Ҳайати даста аз 10 нафар варзишгар, 1 мураббӣ ва 1 довар иборат мебошад, ҷамъи умумӣ 12 нафар

  • ш. Душанбе – 1 1 даста
  • ш. Душанбе – 2 1 даста
  • в. Хатлон – 2 1 даста
  • в. Суғд 1 даста

Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмиллалии теннис баргузор мегардад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Источник: khovar.tj