Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» муҳокима шуд

0
137

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» муҳокима шуд

ДУШАНБЕ, 09.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон»-ро муҳокима намуданд.

Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, масъалаи мазкур имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, муҳокима шуд.

Зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23 апрели соли 2014 дар Паёми худашон ба Маҷлиси Олӣ доир ба масъалаҳои пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо аз тарафи ҷавонону наврасон баён гардиданд, таҳия шуда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Лоиҳа аз муқаддима, 4 боб ва 29 модда иборат буда, бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ коркард шудааст.

«Мақсад аз қабули Қонуни мазкур муқаррар ва муайян намудани салоҳияти мақомот ва идораҳои ваколатдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар таъмини огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар кирдорҳои зидди ҷамъиятии ноболиғон мебошад», — афзуд манбаъ.

Дар ҷаласаи Шӯро инчунин як зумра лоиҳаи қонунҳо муҳокима ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Источник: khovar.tj