Дар Рим вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Италия баргузор гардид

0
178

Дар Рим вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Италия  баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар Рим дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Италия ва Осиёи Марказӣ: таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва шарикӣ» вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Луиҷӣ Дӣ Майо баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италияро баррасӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла амният ва муҳити зист мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамтои хешро ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистон дар соли 2020, аз ҷумла конфронсҳои навбатӣ оид ба хатару чолишҳои амниятӣ ва татбиқи  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» даъват намуд.

Акс аз ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj