Дар Рашт домуллое, ки ба мардуми 4 ҷамоат хизмат мекард даргузашт

0
84

Дар Рашт домуллое, ки ба мардуми 4 ҷамоат хизмат мекард даргузашт

Домулло Пирмуҳаммади Қаландакӣ дар масҷиди ҷомеъӣ шаҳри Навобод имомхатиб буда, ба мардуми 4 ҷамоат хизмат намуда буд

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Даргузашти домулло Пирмуҳаммади Қаландакӣ дар водии Раштро  Фарҳод Худоёров сокини раштзамин дар сафҳаи худ дар Фейсбук нашр намудааст.

Ба навиштаи ин корбар, домуло Пирмуҳаммади Қаландакӣ 87 – сол умр дошта аз маризии қалб ранҷ мекашидаст. Иллати марги домулло низ аз тапидан бозмондани қалбаш арзёбӣ мешавад.

Домулло Пирмуҳаммади Қаландакӣ солҳои тӯлонӣ имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳраки Навобод буда ба мардуми 4 ҷамоат хизмати шоиста дар соҳаи дини мубини Ислом намудааст.

Источник: sputnik-tj.com