ДАР ПЕШГИРИИ ПАҲНШАВИИ COVID-19 ҲИССА МЕГУЗОРЕМ! Роҳбарияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва роҳбарони корхонаҳои тобеи он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсуси мубориза бо COVID-19 гузаронданд

0
85

ДУШАНБЕ, 22.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар якҷоягӣ бо роҳбарони корхонаҳои тобеи худ дар шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ як моҳа  маоши худро ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарониданд, ки дар маҷмӯъ 180,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин ташаббуси роҳбарияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо пайравӣ аз иқдоми башардӯстона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.

Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар оянда низ кумакҳои беғаразонаи худро барои беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ, пешгирӣ ва кам кардани хавфҳои эҳтимолӣ аз ин вабои аср дареғ надошта, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Источник: khovar.tj