ДАР ПАЙРАВИИ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ҳайати кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон як қисми маоши худро ба фонди маблағгузории пандемияи COVID-19 мегузаронанд

0
121

ДАР ПАЙРАВИИ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ҳайати кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон як қисми маоши худро ба фонди маблағгузории пандемияи COVID-19 мегузаронанд

ДУШАНБЕ, 01.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷиҳати мубориза бар зидди пандемияи КОВИД-19 ҳамбастагӣ эълон намуда, баҳри саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бар зидди ин вабои аср як қисми маоши худро ҳамчун кӯмак ба фонди маблағгузории вируси сироятии мазкур мегузаронанд.

Тавре аз маркази матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иқдоми мазкур дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои мубориза бар зидди пандемияи КОВИД-19 як маоши моҳонаи худро ва дигар кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон қисме аз маоши худро ба ин суратҳисоб ҳамчун кумак мегузаронанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд.

Источник: khovar.tj