Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Маркази фарҳангии Маҳатма Гандӣ ифтитоҳ карда шуд

0
187

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Маркази фарҳангии Маҳатма Гандӣ  ифтитоҳ карда шуд

ДУШАНБЕ, 09.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 150-умин солгарди Маҳатма Гандӣ маросими ифтитоҳи Маркази фарҳангӣ  баргузор гардид. Дар  ҳамоиши мазкур  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх,  намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, ташкилот, мақомоту идораҳо ва дӯстдорони фарҳангу ҳунари ҳинд иштирок намуданд.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх лентаи рамзиро бурида, ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас Шамсиддин Орумбекзода дар бораи падари миллати Ҳиндустон — Маҳатма Гандӣ ва муносибатҳои неки фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон сухан кард.

Аз ҷумла, номбурда зикр намуд, ки «Маҳатма Гандӣ  шахсияти машҳур ва сиёсатмадор буда,  бо  асарҳои навиштааш ба сиёсатмадорони муосир таъсири мусбат расонид. Ҳиндустон аз зумраи давлатҳои бузурги ҷаҳон буда, баҳри рушди маънавӣ ва ғанӣ гардонидани ганҷинаи тамаддуни башарият хизматҳои шоиста кардааст».

Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх аз заҳматҳои Маҳатма Гандӣ ҳарф зада, нақши ӯро  барои дирӯзу имрӯзи Ҳиндустон  назаррас арзёбӣ намуд.

Дар анҷоми ҳамоиш ҳозирин аз намоише, ки ба рӯзгори Маҳатма Гандӣ ва зиндагии мардуми ҳинд дар тӯли таърих бахшида шуда буд, дидан намуданд.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Маркази фарҳангии Маҳатма Гандӣ  ифтитоҳ карда шудДар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Маркази фарҳангии Маҳатма Гандӣ  ифтитоҳ карда шуд

Источник: khovar.tj