Дар ҳоли омодабош: Русия ба Тоҷикистон 2000 воситаи ташхиси коронавирус дод

0
165

Дар ҳоли омодабош: Русия ба Тоҷикистон 2000 воситаи ташхиси коронавирус дод

Хадамоти назорати истеъмолии Русия барои ташхиси коронавирус ба Тоҷикистон ду ҳазор воситаҳои ташхисӣ фиристод

ДУШАНБЕ, 4 февр — Sputnik. Субҳи 4 феврал аз ҷониби Хадамоти назорати истеъмолии Русия (Роспотребнадзор) 2000 ҳазор воситаҳои ташхиси коронавирус ба Озмоишгоҳи вирусологии Сарраёсати назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ дастрас гардид.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, айни замон озмоишгоҳҳои вирусологии Вазорати тандурустӣ дар ҳоли омодабош қарор дошта, дар мавриди пайдо шудани нафарони  гумонбар ба коронавирус  онҳо ба ташхис фаро гирифта мешаванд.

То  имрӯз  наздики 400 нафар аз Чин ба Тоҷикистон воридшуда,  дар озмоишгоҳҳои вирусологии кишвар  бистарӣ ва таҳти назорати духтурон қарор доранд.

“Миёни онҳо 37-нафарашонро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд”, – омадааст дар хабарнома.

Ин ниҳод мегӯяд, дар миёни бистаришудагон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, теъдоди ҳолатҳои тасдиқгаштаи  илтиҳоби  шуш, ки ангезандааш 2019-nCoV  мебошад, рӯзи сешанбе дар Чин 20 ҳазорро ташкил додааст.

Мутобиқи гузориши Кумитаи давлати тандурустӣ, шумораи ҳалокшудагон ба 425 нафар расидааст.

Источник: sputnik-tj.com