ДАР ОҒОЗИ РАВАНДИ ИСТИҚРОРИ СУЛҲИ ДЕРИНТИЗОР ДАР АФҒОНИСТОН САҲМИ САРВАРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ХЕЛЕ НАЗАРРАС АСТ. Ин нуктаро имрӯз директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хуршед Зиёӣ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт

0
144

ДАР ОҒОЗИ РАВАНДИ ИСТИҚРОРИ СУЛҲИ ДЕРИНТИЗОР ДАР АФҒОНИСТОН САҲМИ САРВАРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ХЕЛЕ НАЗАРРАС АСТ.  Ин нуктаро имрӯз директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хуршед Зиёӣ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт

ДУШАНБЕ, 03.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қатори ҷомеаи байналмилалӣ имзои Созишномаи сулҳро миёни ИМА ва гурўҳи «Толибон», ки рӯзи 29 феврали соли 2020 бо иштироки Вазири корҳои хориҷии мамлакати мо дар пойтахти Давлати Қатар – шаҳри Довҳа сурат гирифт, васеъ истиқбол намуда, ин рўйдоди таърихиро як қадами ҷиддӣ дар оғози раванди истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон медонад. Зеро дар бунёди ин сулҳи деринтизор саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан  иқдомҳои шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст.  Ин нуктаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор  Хуршед ЗИЁӢ  имрӯз  дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИК иброз дошт.

«Сазовори таъкид аст,  ки, — гуфт Хуршед Зиёӣ зимни суҳбат, — Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳоест, ки масъалаи барқарории сулҳу суботро дар кишвари ҷангзадаи ҳамсояи худ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ҳамчун мушкилоти ҷаҳонӣ эълом дошт ва аввалин ҳамоишҳои байналмилалиро барои давлатҳои сарпарасти ҳалли сиёсию иқтисодии қазияи Афғонистон баъд аз вуруди низомиёни кишварҳои Ғарб ба сарзамини он баргузор намуд.

Аз ибтидо Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом дошта буд, ки масъалаи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад. Аз ин рў, бо ин кишвари ҳамсоя робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, кишвари мо ба Афғонистон пулҳои мошингузар кушод, мутахассисонро барои соҳаҳои мухталифи ин кишвар омода намуд ва робитаҳои дигари хусусияти гуманитаридоштаро тавсеа бахшид. Маҳз чунин амалҳо як омили муҳимми бавуҷудоии нишонаҳои нахустини истиқрори сулҳ дар ин кишварҳои ҳамсоя гаштанд.

Аз ҷониби дигар, ба мувофиқа расидани тарафҳои даргир дар Афғонистон бо роҳи муколама бори дигар дурустии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҳти сарварии Пешвои муаззами милат собит сохт, зеро Сарвари давлат дар Паёмашон аз 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ   чунин самтҳоро дар ин масъала муайян карда буданд:

қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд;

— Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад;

— ҳама гуна иқдомоти созандаи роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар Афғонистонро Тоҷикистон истиқбол менамояд.

Дар ин Паёмашон Пешвои миллат изҳори умед намуданд, ки «талошҳои ҷонибҳои алоқаманд дар ин ҷода натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳанд овард. Зимнан, мо боз ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, даъват ба амал меорем, ки доир ба масъалаи истиқрори сулҳу оромӣ дар сарзамини азиятдидаи Афғонистон бо масъулияти том мавқеъгирӣ намояд. Ҷониби Тоҷикистон минбаъд низ саҳми амалии худро дар ин самт хоҳад гузошт».

Бори дигар таъкид месозем, ки ба имзо расидани Созишномаи сулҳ миёни ИМА ва гурўҳи «Толибон», ки рўзи 29 феврали соли 2020 сурат гирифт, натиҷаи кўшишу талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои манфиатдор, аз ҷумла Тоҷикистон аст. Аз ин рў, бояд ин раванд собитқадамона ба пеш бурда шуда, сулҳу суботи бебозгашт дар ин кишвари ҷангзада, ки чил сол боз ба гирдоби мухолифатҳои шаҳрвандӣ кашида шудааст, барқарор гардад. Субот ва устуворӣ дар ин кишвар ба манфиати минтақа, Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба манфиати амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд”, — изҳор намуд Хуршед Зиёӣ дар поёни суҳбат бо АМИТ «Ховар».

ДАР ОҒОЗИ РАВАНДИ ИСТИҚРОРИ СУЛҲИ ДЕРИНТИЗОР ДАР АФҒОНИСТОН САҲМИ САРВАРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ХЕЛЕ НАЗАРРАС АСТ.  Ин нуктаро имрӯз директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хуршед Зиёӣ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт ДАР ОҒОЗИ РАВАНДИ ИСТИҚРОРИ СУЛҲИ ДЕРИНТИЗОР ДАР АФҒОНИСТОН САҲМИ САРВАРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ХЕЛЕ НАЗАРРАС АСТ.  Ин нуктаро имрӯз директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хуршед Зиёӣ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт

ДАР АКСҲО: шаҳри Кобул. Аксҳо аз бойгонӣ

Источник: khovar.tj