Дар Норак ба шарафи Рӯзи Модар ҳамоиши идона баргузор гардид

0
159

Дар Норак ба шарафи Рӯзи Модар ҳамоиши идона баргузор гардид

НОРАК, 06.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода бахшида ба Рӯзи Модар  бо коргарзанони  Муассисаи давлатии «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ»-и шаҳр,  донишҷӯдухтароне, ки тибқи квотаи президентӣ  дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд ва занони собиқадори  меҳнат, фаъолзанони корхонаву муассисаҳои шаҳр, эҷодкорону ҳунармандон вохӯрӣ намуд.

Маликшо Неъматзода зикр кард, ки шаҳри Норак маҳз бо кӯшишу заҳмат ва меҳнати шабонарӯзии коргарзанони шаҳр   дар қатори шаҳрҳои беҳтарини ҷумҳурӣ ҷо гирифта, аз ҷониби  сайёҳони хориҷию дохилӣ  баҳои  мусбат  гирифтааст.

Раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода нақши занонро дар пешрафти ҷомеа,  саҳми арзандаи онҳоро дар тарзи ҳаёти солим, тарбияи насли наврас, корҳои ободонию созандагӣ  ва бунёдкорӣ махсусан зикр намуда, гуфт, ки шумораи зиёди занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр, бахусус саноату энергетика, хизматрасонии маишӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба меҳнати софдилона машғул мебошанд.

Дар Норак ба шарафи Рӯзи Модар ҳамоиши идона баргузор гардидДар ҳамоиши идона барои меҳнати софдилона 60 нафар коргарзанони идораи Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ»-и шаҳр,  43 нафар донишҷӯдухтароне, ки тибқи квотаи президентӣ дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таҳсил  менамоянд, бо туҳфаҳо ва маблағҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  қадрдонӣ   шуданд.

Ҳамчунин барои саҳми муносиб дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ, иштироки фаъолона дар амалӣ намудани чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи фаъолзанон ва собиқадорони меҳнат бо ифтихорномаю сипосномаҳои мақомоти иҷроия ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Источник: khovar.tj