Дар ноҳияи Тоҷикобод дар 40 ҳавза ва 33 участкаи интихоботӣ комиссияҳои ҳавзавӣ ташкил шудаанд

0
99

Дар ноҳияи Тоҷикобод дар 40 ҳавза ва 33 участкаи интихоботӣ комиссияҳои ҳавзавӣ ташкил шудаанд

ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  То имрӯз дар ноҳияи Тоҷикобод дар 40 ҳавза ва 33 участкаи интихоботии вакилони маҷлиси маҳаллӣ  тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» дар ҳайати 11 ва 8-нафарӣ комиссияҳои ҳавзавӣ ташкил карда шудаанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси комиссияи ноҳиявии интихобот дар Тоҷикобод Исҳоқ Ғафуров иттилоъ дод.

Айни замон аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва ба таври худпешбарӣ 39 нафар ба комиссия пешниҳод гардидаанд. Пешбарии номзадҳо ба вакилии маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома дорад. Рӯйхати интихобкунандагон пас аз омӯзиш аз ҷониби комиссияҳои участкавии интихобот ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод карда шудааст, ки он айни замон 21870 нафарро дар бар мегирад. Бақайдгирии номзадҳо то даҳаи аввали моҳи феврал ба анҷом расонида мешавад. Ҳамаи   ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ ва гӯшаҳои интихоботӣ бо маводи иттилоотӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин карда шудаанд. Имрӯзҳо дар ташкилоту муассиса ва  ҷамоатҳои деҳот корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ба роҳ монда шуда, дар мавзеъҳои аҳолинишин маводи иттилотӣ паҳн ва насб карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки аҳолии ноҳияи Тоҷикобод дар қатори дигар сокинони ҷумҳурӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ омодагии ҳамаҷониба мегиранд. Сокинони ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон дастуру супоришҳои ироагардида дар Паёми Пешвои миллатро ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ доир намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ пурра дарк намуда, дар ноҳия тамоми чорабиниҳои заруриро дар ин самт то имрӯз амалӣ намудаанд.

Источник: khovar.tj