Дар ноҳияи Шоҳмансур намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ ва ҳунармандӣ баргузор гардид

0
161

Дар ноҳияи Шоҳмансур  намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ ва ҳунармандӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 25.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар идомаи баргузории корҳои тарғиботиву ташвиқотии пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ ва ҳунармандӣ баргузор шуд. Дар ҷамъомади мазкур намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти «Адиб» ва ҳунарҳои дастӣ, аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзӣ, кундалкорӣ, заргарӣ, бофандагӣ ва кандакорӣ роҳандозӣ гардиданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар доираи намоиши мазкур таҳти унвони «Барои пешрафт ва зиндагии шоиста» аксияи тарғиботӣ роҳандозӣ гардида, ба иштирокчиён варақаҳои таблиғотии пешазинтихоботӣ тақсим карда шуд.

Зикр гардид, ки ҷамъомад бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он тарғиби бештари ватандӯстӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ ва иштирок дар маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки то баргузории интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзҳои башумор боқӣ монда, дар ин замина ҳар яки моро зарур аст барои пешрафт ва шукуфоии Ватани худ саҳмгузор бошем.

«Зеро маҳз боварӣ ба вакилони мардумӣ ва ба ин восита эътимод ба Ҳукумати мамлакат метавонад ба рушди минбаъдаи давлату давлатдории тоҷикон заминаи мавҷударо мустаҳкамтар намуда, барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум саҳмгузор бошад», — афзуд мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён.

Имрӯзҳо дар тамоми ҷумҳурӣ маъракаи тарғиботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар шакли вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва   гузоришу суҳбатҳо аз тариқи телевизион, радио ва матбуоти даврӣ муташаккилона идома дошта, иштирокчиёни он ба интихобкунандагон барномаҳои пешазинтихоботии худро муаррифӣ намуда истодаанд.

Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ 1 марти соли равон аз соати 6:00 то 20:00 идома ёфта, ҷараёни баргузории ин маъракаи сиёсиро мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мушоҳида менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи намоиши мазкур сарояндагони маҳбуби мамлакат бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва саршор аз ифтихори соҳибистиқлоливу озодӣ хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

Дар ноҳияи Шоҳмансур  намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ ва ҳунармандӣ баргузор гардид Дар ноҳияи Шоҳмансур  намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ ва ҳунармандӣ баргузор гардид

Источник: khovar.tj