Дар ноҳияи Ҷ. Румӣ дар давраи таътили зимистона наврасону ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ ҷалб гардиданд

0
251

Дар ноҳияи Ҷ. Румӣ дар  давраи таътили зимистона  наврасону ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ ҷалб гардиданд

ДУШАНБЕ, 09.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Наврасону ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, инкишофи соҳаи варзиш ва оммавӣ намудани он дар давраи таътили зимистона  ба мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, шашка ва шоҳмот ҷалб гардиданд. Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаҳои мазкур зиёд аз 3 ҳазор нафар ҷавонон,  аз ҷумла 200 нафар духтарон иштирок намуданд.

Дар ҷамъбаст ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки  солҳои охир дар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба соҳаи варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  26 декабри соли 2019 зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд: «Мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем».

Имрӯз дар мамлакат 10 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дошта, тайи солҳои 2011-2018 қариб 2200 иншооти соҳаи варзиш бунёд ва 1059 иншоот таъмиру таҷдид гардидаанд. Танҳо соли 2019-ум 358 иншооти варзишӣ, аз ҷумла зиёда аз 200 иншоот дар пойтахти ҷумҳурӣ ба истифода дода шудаанд.

Источник: khovar.tj