Дар ноҳияи Рашт озмуни «Дастархонороӣ» доир гардид

0
278

Дар ноҳияи Рашт озмуни «Дастархонороӣ» доир гардид

РАШТ, 08.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тарабхонаи «Рӯҳафзо»-и шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт  бо иштироки кадбонувони ҳунарманд аз ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  ва бо ҷалби васеи мардум озмуни «Дастархонороӣ» дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Рашт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар озмуни мазкур кадбонувон аз Беморхонаи марказии ноҳия, ҷамоатҳои деҳоти Аскалон, Ҳиҷборак, Ҷафр, Қалъанак, Навдӣ, Қалъаи Сурх, Нусратулло Махсум, Боқӣ Раҳимзода, Тагоба ва шаҳракҳои Ғарму Навобод фаъолона иштирок намуда, тибқи шартҳои низомнома барои моҳирона оростани дастархон,  дилписанд будани дастархони оросташуда, мавҷудияти таомҳои миллӣ ва ба замона мутобиқ кардани  ороиши дастархон рақобат намуданд.

Дар  натиҷа Ҷамоати деҳоти Аскалон бо гирифтани 280 хол соҳиби ҷойи якум гардид.

Мақсад аз баргузории  озмуни мазкур-  ин эҳёи таомҳои миллӣ, сарфаю сариштакорона  оростани дастархон ва истифодаи бештари  маҳсулоти  маҳаллӣ  зимни густурдани хон мебошад.

Источник: khovar.tj