Дар ноҳияи Рашт ба қишри осебпазир кумаки молиявӣ расонида шуд

0
240

Дар ноҳияи Рашт ба қишри осебпазир кумаки молиявӣ расонида шуд

ДУШАНБЕ, 10.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва соҳибкорони маҳаллӣ ба зиёда аз 85 оилае, ки дорои нафарони маъюбанд, дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ кумакҳои молиявӣ расонида шуданд.

Тибқи иттилои муовини раиси ноҳияи Рашт Ҳамдулло Шарифзода, соли 2019  барои дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд як хонаи истиқоматӣ ба истифода дода шуда, сохтмони 3 хонаи дигар идома дорад. Ҳамчунин ба 50 нафар кӯдакони ятиму бепарастор либосҳои зимистона тақдим гардиданд.

Гуфта мешавад, ки давоми 11 моҳи соли равон дар ноҳия дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ ба маъюбон кумак расонида шудааст. Илова бар ин аз ҷониби масъулин ва шахсони саховатманд 20 аробачаи маъюбӣ, 20 асобағал ва 30 асо ба пирону маъюбони эҳтиёҷманд тақдим гардид.

Дастгирии қишри осебпазири ҷомеа амали савоб буда, яке аз анъанаҳои неки ниёгонамон маҳсуб мешавад. Хушбахтона, имрӯзҳо ин амали хайр дар асоси дастуру супоришҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва ватандӯст пайваста анҷом дода мешавад.

Источник: khovar.tj