Дар ноҳияи Мастчоҳ бунёди «Қасри фарҳанг» ва варзишгоҳ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст бо маром идома дорад

0
91

Дар ноҳияи Мастчоҳ бунёди «Қасри фарҳанг» ва варзишгоҳ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст бо маром идома дорад

ДУШАНБЕ, 10.06.2020. /АМИТ «ХОВАР»/ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 9 июн бо ҷараёни сохтмони «Қасри фарҳанг»-и ноҳия аз наздик шинос шуданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Қасри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, лоиҳаи он аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «САНИИОСП» омода шудааст ва тибқи нақша барои корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии иншоот беш аз 30 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкор ҶДММ «Сохтмон» — и ноҳия мебошад.

Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи замонавӣ дар маркази ноҳия низ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд. Варзишгоҳи марказӣ бо 10 000 ҷойи нишаст бунёд гардида, лоиҳаи он аз тарафи пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «САНИИОСП» таҳия гардидааст. Барои бунёди варзишгоҳи марказӣ тибқи лоиҳа 11 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ алҳол босуръат идома дорад.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкор ҶДММ «Сохтмон» — и ноҳия мебошад.

Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бо сохтмони майдони Парчами давлатӣ, қасри варзиши «Паҳлавонони Суғд» ва навсозии боғи фарҳангию фароғатӣ ошно шуда, ба роҳбарияти ноҳия ва масъулони сохторҳои вилоятӣ барои тақвияти корҳо, бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои давлатӣ бунёд намудани иншоот, таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳо доданд.

Таъкид гардид, ки бо ҳидоят ва дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия силсилаи иншооти муҳими иҷтимоӣ сохта шуда истодааст, ки бешак ба рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг ва варзиш мусоидат менамояд.

Дар ноҳия ба саноатикунонии босуръат низ таваҷҷуҳи зарурӣ дода шуда, саноатчиён бо истифода аз дастгириҳои давлатӣ баҳри истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда саҳми муносиб мегузоранд.

Корхонаи коркарди шири «Нури сафар» аз зумраи корхонаҳои истеҳсолии ноҳия ба ҳисоб меравад, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ширӣ нақши назаррас дорад. Зимни боздид аз ин корхона ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода маълумот дода шуд, ки давоми як басти корӣ дар корхона то 3 тонна шир мавриди коркард қарор мегирад.

Маҳсулоти хом, яъне шир асосан аз ҳудуди ноҳия ҷамъоварӣ ва коркарду банду баст карда мешавад. Дар коргоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти ширӣ аз қабили маска, сметана, ҷурғот, қаймоқ, ва ғайра истеҳсол гардидаву пешкаши мизоҷон гардонида мешавад.

Корхонаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба бунёди корхонаҳои коркарди шир дар маҳалҳо бунёд ёфта, дар он беш аз 40 нафар бо ҷои доимии корӣ таъмин шудаанд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ бунёди «Қасри фарҳанг» ва варзишгоҳ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст бо маром идома дорад Дар ноҳияи Мастчоҳ бунёди «Қасри фарҳанг» ва варзишгоҳ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст бо маром идома дорад

Источник: khovar.tj