Дар натиҷаи 3 садамаи нохуши нақлиётӣ дар як рӯз 4 нафар ҳалок ва 1 каси дигар маҷрӯҳ гардид

0
175

Дар натиҷаи  3  садамаи нохуши нақлиётӣ дар як рӯз  4 нафар  ҳалок ва 1 каси  дигар маҷрӯҳ гардид

ДУШАНБЕ, 05.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. 4 феврал  дар ҷумҳурӣ  3  садамаи нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он  4 нафар ба ҳалокат расида, 1 каси  дигар маҷрӯҳ гардидааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, 4 феврал,  тахминан соатҳои 12:30, ронандаи  мошини  тамғаи «Опел-Вектра», сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ Ҷумахон Ҳабибови 32-сола ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини  тамғаи  «Опел-Вектра», ки таҳти идораи ронанда, сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи мазкур Миралӣ Эмомови 64-сола қарор дошт, бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофири  мошини  тамғаи «Опел-Вектра»-и якум, сокини  ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш  Соҷида Ғаниеваи 46-сола  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Дар ҳамин рӯз, соатҳои 14:00, ронандаи мошини  тамғаи «Опел-Вектра», сокини кӯчаи Садриддинови ноҳияи Деваштич Фирӯз Зокирови 34-сола ҳангоми ҳаракат  дар назди беморхонаи шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард,  сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан Шаҳодат Ҳакимоваи 60-соларо пахш намудааст.

Дар натиҷа Шаҳодат Ҳакимова  ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳодисаи дигари нохуши нақлиётӣ дар ин рӯз  тахминан соатҳои 15:40 аз ҷониби  ронандаи  мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини шаҳри Исфара Абдуразоқ Раззоқови 21-сола  рух додааст.  Номбурда  дар роҳи  мошингарди  «Деҳмой-Конибодом» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом  аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини  тамғаи «Опел-Зефира», ки таҳти идораи ронанда, сокини шаҳри Исфара Мираҳмад Ҳусейнови 45-сола қарор дошт, бархӯрдааст.

Дар натиҷа  ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс» А.Раззоқов ва мусофири он,  сокини шаҳри Исфара  Меҳровар Раҳимови 34-сола ҷароҳатҳои вазнин ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари мошини мазкур, сокини шаҳри Исфара Абдулҳақ Улмасови 21- сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур корҳои  таҳқиқотӣ  идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе доир гардид, вазъи садаманокӣ ва оқибатҳои фоҷиабори онро таҳлилу баррасӣ намуда, гуфта буданд: «Бештари садамаҳои нақлиётӣ, ки сабаби  марги одамони зиёд мегарданд, аз ҷониби шахсоне содир мешаванд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва бо суръати баланд ҳаракат карда, талаботи аломатҳои роҳро дағалона вайрон месозанд».

Бо дарназардошти чунин вазъ, Президенти мамлакат ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки дар муддати кӯтоҳ лоиҳаи қонунро доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт, бо суръати баланд ҳаракат кардан ва ба муассисаи таълимӣ бо мошини шахсӣ ҳозир шудани наврасону ҷавонон омода карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

28 августи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон як зумра қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расониданд.

Мувофиқи тағйироти ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, муҳлати аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуд. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазои вазнин таъйин гардида, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол муқаррар карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки  бо вуҷуди андешидани тадбирҳои  зарурӣ  аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ  ҳанӯз ҳам  дар ҷумҳурӣ  масъалаи  дар натиҷаи садамаҳои нохуши нақлиётӣ маҷрӯҳ ва ҳалок гардидани шаҳрвандон нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Дар зимн, Раёсати БДА аз тамоми сокинон ва меҳмонони мамлакат даъват ба амал меоварад, ки  ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо  қоидаҳои ҳаракат дар онро  риоя намоянд, роҳҳои мошингардро аз ҷойҳои муқарраршуда, гузаргоҳҳои зеризаминию рӯизаминӣ гузашта,  ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Источник: khovar.tj