Дар намоиши шолӣ, биринҷ ва фестивали «Оши палав» дар Хатлон 25 шаҳру ноҳия маҳсулоти худро манзур намуданд

0
215

Дар намоиши шолӣ, биринҷ ва  фестивали «Оши палав»  дар Хатлон 25 шаҳру ноҳия маҳсулоти худро манзур намуданд

ДУШАНБЕ, 04.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон намоиши шолӣ, биринҷ ва Фестивали «Оши палав» баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар фестивал-намоиш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, кишоварзони шаҳру ноҳияи вилоят ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Тибқи иттилои манбаъ,  дар фестивал-намоиш хоҷагиҳои шолипарварии 25 шаҳру ноҳияи вилоят намунаи маҳсулоти худро ба намоиш гузошта, ошпазҳои беҳтарин ҳунари палавпазиашонро ба маъраз ниҳоданд.

Барои қадрдонӣ намудани заҳмати иштирокчиён дар ин фестивал- намоиш беҳтарин «Оши палави беҳтарин» ва  «Шоликори беҳтарин» муайян гардид.

Дар бахши «Оши палави беҳтарин»-и фестивал намояндаи ноҳияи Данғара ғолиб гардида,  унвони «Шоликори беҳтарин» ба роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бахтиёр» Парвиз Ашуров  аз ноҳияи Хуросон  дода шуд. Ғолибон аз ҷониби раиси вилоят бо туҳфа ва ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сазовори ҷойи аввал гардид, инчунин аз ҷониби раиси вилоят тамоми иштирокчиён бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Дар намоиши шолӣ, биринҷ ва  фестивали «Оши палав»  дар Хатлон 25 шаҳру ноҳия маҳсулоти худро манзур намуданд Дар намоиши шолӣ, биринҷ ва  фестивали «Оши палав»  дар Хатлон 25 шаҳру ноҳия маҳсулоти худро манзур намуданд

Дар фестивали мазкур озмунҳои «Ошхӯри беҳтарин» ва «Сабзирезакуни беҳтарин»  гузаронида шуданд, ки ғолибон бо мукофотҳои молӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар ҷамъбаст барномаи консертии ҳунармандони Раёсати фарҳанги вилоят ва шаҳри Кӯлоб пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

 

Источник: khovar.tj