Дар Муъминобод корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии COVID-19 бо усули «Хона ба хона» ба роҳ монда шудааст

0
166

Дар Муъминобод корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба  пешгирии COVID-19  бо усули «Хона ба хона»  ба роҳ монда шудааст

ДУШАНБЕ, 25.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар ҳар ҷамоат,  муассисаи таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ,  хусусан миёни аҳолӣ оид ба пешгирии  COVID-19 вохӯриву суҳбатҳо баргузор гардида истодаанд.

Чунин як суҳбат оид ба пешгирии бемории коронавирус дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13-и Ҷамоати деҳоти Нуралишо Назарови деҳаи Момандиёни ноҳия доир гардид. Тавре ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, зимни он мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хонандагон роҳҳои пешгирии паҳншавии вируси COVID-19 ва риояи тозагии шахсӣ,  ҳолати санитарию гигиении хонаю ҷойҳои ҷамъиятиро фаҳмонид.

«Аҳолии ноҳияи Муъминобод 95 000 буда, тибқи нақшаи пешбинишуда мо бояд дар муддати як ҳафта дар деҳаҳои дуру наздик бо усули «Хона ба хона» гашта, корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом диҳем. Дар баробари ин дар назди даромадгоҳҳо маводи хлорӣ тайёр карда шуда, барои тамизгардонӣ истифода мешаванд. Айни ҳол мо бо 67 000 аҳолии ноҳия суҳбату вохӯрӣ гузарондем ва ин иқдом идома дорад»,-зикр кард Бахтовари Диловар.

Ҳангоми вохӯрӣ дар баробари пешгирӣ аз вирус ҳамчунин аз сокинон даъват карда шуд, ки барои корҳои ободонию бунёдкорӣ, сабзазоркунӣ, таъмири хонаю дар, тозаву озода намудани ҳавлӣ, кӯчаю маҳалла ва самаранок  истифода бурдани ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ камари ҳиммат банданд.

Сокинони ноҳияи Муъминобод ҳоло заминҳои наздиҳавлигиашонро самаранок истифода намуда, дар он ҷиҳати таъмин намудани оилаи худ бо маҳсулоти ғизоӣ сабзӣ, картошка, пиёз ва зироати ғалладонагӣ корида истодаанд.

Источник: khovar.tj