Дар машқҳои СҲШ «Миссияи сулҳ-2020» тақрибан 10 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ширкат меварзанд

0
116

Дар машқҳои СҲШ «Миссияи сулҳ-2020» тақрибан 10 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ширкат меварзанд

ДУШАНБЕ, 03.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 10 ҳазор хизматчиёни ҳарбии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар машқҳои муштараки зиддитеррористии «Миссияи сулҳ», ки бори аввал дар машқгоҳи Юргини вилояти Кемеровои Россия баргузор мешаванд, ширкат меварзанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дар иттилоияи рӯзи душанбе интишорнамудаи хадамоти матбуоти Ҳавзаи ҳарбии марказӣ (ҲҲМ) гуфта мешавад.

«Намояндагони низомии давлатҳои аъзои СҲШ аз рӯи натиҷаҳои даври дуввуми машваратҳои музокироти ситодӣ, ки дар вилояти Кемерово ба итмом расиданд, протоколи муштарак имзо карданд. Созишномаи баимзорасида масъалаҳои дастгирии ҳамаҷонибаи қӯшунҳо ва тарҳрезии марҳилаҳои амалиро дар бар мегирад. Дар машқҳо тақрибан 10 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ширкат меварзанд», — омадааст дар иттилоия.

Хадамоти матбуот илова намуд, ки дар машваратҳо намояндагони Россия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Музокирот таҳти роҳбарии муовини Сардори ситоди ҲҲМ генерал-майор Рустам Миннекаев баргузор гардиданд.

«Инчунин дар ҷараёни кори муштарак иштирокдорон аз машқгоҳи Юргин дидан намуда, маконҳои марҳилаи асосӣ ва макони рафъи садди обиро бо техника аз назар гузаронданд. Барои баъзе аз кишварҳои иштирокдор чунин таҷриба аввалин хоҳад буд», — шарҳ дод хадамоти матбуоти ҳавзаи ҳарбӣ.

Машқҳои зиддитеррористии «Миссияи сулҳ-2020» моҳи август дар ҳудуди Ҳавзаи ҳарбии марказӣ — дар машқгоҳи Юргини вилояти Кемерово баргузор мешаванд. Ҳангоми машқҳо хизматчиёни ҳарбӣ бояд вазифаҳои омодагӣ ва гузаронидани амалиёти зиддитеррористии гурӯҳи муштараки қӯшунҳои (қувваҳои) давлатҳои аъзои СҲШ-ро ба анҷом расонанд.

Источник: khovar.tj