Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

0
287

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Мақомотҳои иҷроияи маҳалӣ, масъулони ВКД ва додситонии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ҳалли масоили марзӣ ба тавофуқ расиданд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба сар задани муноқишаи дар марз гуфтугӯ анҷом доданд, иттилоъ додааст хабаргузории.

Намояндагони мақомотҳои  иҷроияи маҳаллӣ, масъулони ВКД ва додситонии Тоҷикистону Қирғизистон дар маҳалаи Кочо-бойи вилояти Ботканд дидору гуфтугӯ карданд.

Тарафҳо таъкид намуданд, ки барои истиқрори сулҳ дар минтақаҳои марзӣ бояд миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои муштарак, ҳам миёни мардум ва ҳам миёни марзбонон, сурат бигирад.

“Инчунин, тасмим гирифта шуд, ки дар минтақаҳои марзӣ дар ноҳияи Ботканди Қирғизистон ва шаҳри Исфараи Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ насб карда шавад. Ҳоло мақомоти қудратии ду кишвар дар низоми пурзур хизмат доранд”,- таъкид намудааст манбаъ.

Дар маҷмӯъ намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳолии ҳозир, вазъ дар марзро мӯътадил медонанд.

Источник: sputnik-tj.com