Дар Маркази фарҳангии «Бохтар» нишасти матбуотии кинофестивали «Лолаи тиллоӣ» сурат мегирад

0
195

Дар Маркази фарҳангии «Бохтар» нишасти матбуотии  кинофестивали «Лолаи тиллоӣ» сурат мегирад

ДУШАНБЕ,12.11.2019./АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр, соати 11:30, дар Маркази фарҳангии «Бохтар» (Бактрия) нишасти матбуотии масъулини Фестивали филмҳои тоҷикии «Лолаи тиллоӣ»   баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар нишаст Сафири Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуэдар, муовини якуми роҳбари МД «Тоҷикфилм» Толиб Раҳматуллоев, директори Маркази фарҳангии  «Бохтар»  Сергей Чутков, масъули фестивал Искандар Усмонов  ва ҳамоҳангсози фестивали мазкур Амонулло Каромов ширкат менамоянд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 25 ноябр то 1 декабр дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали филмҳои тоҷикӣ бо супоридани ҷоизаи  миллии «Лолаи тиллоӣ» дар соҳаи кинематография баргузор мегардад.

Источник: khovar.tj