Дар маъракаи шудгору кишти тирамоҳӣ дар Ховалинг Ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзо пешсаф аст

0
166

Дар маъракаи шудгору кишти тирамоҳӣ дар Ховалинг Ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзо пешсаф аст

ХОВАЛИНГ, 24.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар маъракаи шудгору кишти тирамоҳӣ деҳқонони Ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг пешсафанд. Кишоварзони ин ҷамоат қаблан тухмиҳои хушсифати ба шароити иқлими минтақа мутобиқ ва сӯзишворию равғанҳои молиданиро захира карда, баъди нарм гардидани замин тамоми техникаҳоро ба шудгор сафарбар намуданд.

Дар ин бора сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Ҷумахон Ғоибов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бориши барфу борони моҳи ноябр ва гарму бебориш шудани ҳаво дар рӯзҳои минбаъда барои вусъати кишти тирамоҳӣ дар ноҳияҳои кишоварзии мамлакат шароити хуб фароҳам овард. Бо истифода аз ин дар ноҳияи Ховалинг кишоварзон тамоми техникаҳои кишоварзӣ ва мошинолотро ба саҳро бароварда, барои ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани кишти тирамоҳӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Дар ноҳия бо маслиҳати мутахассисони соҳа кишоварзон дар навбати аввал дар талу теппаҳо шудгори хушсифат гузаронида, ғалладона кориданд. Зеро қисмати зиёди заминҳои кишт дар талу теппаҳо ҷойгир аст.

Солҳои қаблӣ кишоварзони ноҳияи Ховалинг чун дигар деҳконони навоҳии кӯҳистон аз норасоии техникаи соҳавӣ танқисӣ дошта, шудгору киштро сари вақт анҷом дода наметавонистанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ давоми солҳои охир тавассути барномаҳои давлатӣ ба ин ноҳияҳо миқдори зиёди трактору мошинолот ворид карданд.

Ба иттилои сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия, давоми чанд рӯзи дигар деҳқонон шудгору кишти тирамоҳиро пурра ба анҷом расонида, заминҳои боқимондаро барои кишти баҳории зироати  кишоварзӣ омода месозанд.

Источник: khovar.tj