Дар маҳфили «Ганҷи сухан» таърих ва тамаддуни бостонӣ дар Саразм баррасӣ гардид

0
320

Дар маҳфили «Ганҷи сухан» таърих ва тамаддуни бостонӣ  дар Саразм баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 25.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд нишасти 179-уми маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» доир гардид, ки он ба ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд. Дар он бештар аз 200 нафар мухлисони илму адаб, аз ҷумла, олимону адибон ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Сарвари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов зикр кард, ки дар нишаст дар баробари ироаи маърӯзаҳову суханрониҳо натиҷаи фаъолияти маҳфили «Ганҷи сухан» дар соли 2019 ҷамъбаст мешавад.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, адабиётшинос Тоҷибой Султонзода иброз дошт, ки «соли равон бо қарори ЮНЕСКО дар Тоҷикистон 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 — солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешаванд. Басо рамзист, ки дар нишасти аввалини маҳфил ба ин мавзӯъ руҷӯъ шуд ва бовар дорам, ки ин ду санаи таърихӣ дар ҷодаи худшиносии миллӣ саҳифаи тозае боз хоҳанд кард».

Ҳамчунин ӯ фаъолияти маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан»-ро дар татбиқи сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассир ва судманд арзёбӣ кард.

Дар маҳфили «Ганҷи сухан» таърих ва тамаддуни бостонӣ  дар Саразм баррасӣ гардидРектори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода зикр кард, ки «мавҷудияти маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» яке аз корҳои муҳим ва муассирест дар мавриди баланд бардоштани сатҳи маърифат ва маънавияти ҷомеа, тарғиби илм ва китоб дар байни ҷавонон. Имрӯз он дар ғановатмандии фазои илмӣ, фарҳангӣ ва адабии ҷумҳурӣ нақши бориз дорад. Махсусан ҷалби ҷавонони эҷодкор ба ин маҳфил умеди тозаро дар дилҳо бедор мекунад».

Сипас дар мавзӯи «Саразм: назаре ба таърих ва тамаддуни бостон» бо маводи ҷолиби видеоӣ номзади илмҳои таърих, дотсенти факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷӯрабек Исомаддинов маърӯзаи илмӣ намуд. Ӯ гуфт, ки Саразми бостон ба солҳои 3400 — 2000 пеш аз милод мансуб  буда, бозёфтҳо аз Саразм на танҳо арзиши миллӣ ва минтақавӣ, балки аҳамияти ҷаҳонӣ доранд. Мутобиқи бозёфтҳо муайян шудааст, ки дар шаҳри Саразм қасру маъбад, маҳаллаҳо, кӯчаҳо мавҷуд будаанд, ки бозёфтҳои археологӣ, аз ҷумла, асбобу анҷоми он замон инро собит менамоянд. Маълум мешавад, ки гузаштагони мо бо кишоварзӣ ва чорводорӣ умр ба сар мебурдаанд ва маданияти ин касбу корро асос гузоштаанд. Бозёфтҳо бар он далолат мекунанд, ки дар он даврон саноат ва ҳунарҳои мардумӣ низ рушд карда, истеҳсол ва коркарди фулузот ба назар мерасид ва дар атрофи шаҳр конҳое мавҷуд буданд, ки аз онҳо маъдан дастрас мегардидааст. Олимони археолог ҳини ҳафриёт кӯраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ, ашёи биринҷӣ аз ҷумла корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, муҳри сурбӣ, ашёи тиллоӣ ва нуқрагиро ёфта, аз мавҷудияти касбҳое, монанди заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ дарак додаанд. Боиси зикр аст, ки дар баробари рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ тамаддун, илм ва фарҳанг низ рушд доштаанд».

Дар маърӯзаи номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Мухлиса Нуруллоева «Камоли Хуҷандӣ дар шеъри Фарзона» дар бораи мақоми Хоҷа Камол ва шеъри ӯ дар осори Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона ибрози назар карда шуд.

Источник: khovar.tj