Дар Кумитаи рушди маҳал натиҷаҳои фаъолияти соли 2019-ро баррасӣ намуданд

0
279

Дар Кумитаи рушди маҳал натиҷаҳои фаъолияти соли 2019-ро  баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 03.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2019  ва вазифаҳои минбаъдаи воҳидҳои сохторӣ барои соли 2020  ҷамъбаст карда шуд.

Раиси Кумита Қосим Роҳбар иброз дошт, ки «эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бунёди иншооти бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истифода додани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди маҳал нақши муҳим дошта, бори дигар аз таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат барои пешрафти иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии маҳал шаҳодат медиҳад».

Дар Кумитаи рушди маҳал натиҷаҳои фаъолияти соли 2019-ро  баррасӣ намудандСармутахассиси Раёсати кор бо мақомоти маҳаллии  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Раҷабиён аз саҳми Кумитаи рушди маҳал дар ташкилу баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», ки муҳтавои он аз вусъат додани корҳои ободонӣ ва бедор кардани ҳисси зебоипарастии сокинони мамлакат иборат буд, ёдовар гардид.

Мавсуф иброз намуд, ки ташкили чунин озмун имкон дод дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳои ободонию созандагӣ тақвият дода шаванд. Инчунин дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо кӯчаю хиёбонҳо, марказҳои аҳолинишини деҳоту шаҳрак ва деҳаю маҳаллаҳо обод гардида, гулҳои гуногун шинонида шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Кумитаи рушди маҳал дар ташкилу баргузории чорабиниҳои дигари сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва таъмини иҷрои онҳо, анҷом додани корҳои бунёдӣ дар маҳал ба муносибати ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон назарас мебошад.

Дар фарҷом Қосим Роҳбар ба воҳидҳои сохтории Кумита  вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019 дар бораи банди 34-и Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ эълон гардида буд,   гузаронидани суҳбатҳо бо адибону шоирон, ҷалби кормандон ба китобхонӣ ва  ташкил намудани китобхона дар Кумита  супоришҳои мушаххас дод.

Источник: khovar.tj