Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷамъомади таълимию методӣ гузаронида шуд

0
54

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷамъомади таълимию методӣ гузаронида шуд

ДУШАНБЕ, 14.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва қаламрав аз ҳолатҳои фавқулода. Мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли он” ҷамъомади таълимию методӣ  баргузор гардид. Дар он сардорони шуъбаҳои ҳифзи аҳолӣ, раёсатҳо ва шуъбаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилоятҳо ва шаҳрҳо ширкат намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа ба ширкаткунандагон дар бораи тартиби ташкили зернизомҳои ҳудудии Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, амали комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар сатҳи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва арзёбии офатҳои табиӣ маълумот дода шуд.

Ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба офатҳои табиӣ дар давраи зимистон ва ташкили захираҳо ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, интиқоли одамон аз макони офат ба ҷойҳои амн, ташкил намудани иншооти ҳимоявӣ ва таъмини бехатарӣ дар иншооти нисбатан хатарнок баррасӣ шуданд.

Дар поёни ҷаласа ширкаткунандагон дар мавриди табодули таҷриба ва омодасозии мутахассисон тибқи барномаҳои махсус дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар доираи Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода пешниҳод манзур намуданд.

Источник: khovar.tj