Дар Кореяи Ҷанубӣ барои муқовимат ба паҳншавии коронавирус қонун қабул гардид

0
30

Дар Кореяи Ҷанубӣ барои  муқовимат ба паҳншавии коронавирус қонун  қабул  гардид

ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси Миллии (парламенти) Ҷумҳурии Корея қонунеро қабул кард, ки муовофиқи он ҳукумат метавонад  дар сурати бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар  чораҳои вобаста ба коронавируси навро  тақвият бахшад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии  YTN иттилоъ додааст.

Акнун, дар сурати нарасоии ниқобҳои тиббӣ ва воситаҳои тамизкунанда ҳукумат метавонад содироти ин молҳоро манъ созад, ҳамчунин аз кишварҳое, ки шароити  эпидемиологиашон ноамн  аст, вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба қаламрави Ҷумҳурии Корея боздорад.

Ба ҷуз ин, қонун барои пурзӯр намудани ҷазо ба шахсоне, ки  аломати сироят дошта, аз карантин саркашӣ мекунанд, замина гузошт. Ҳамчунин қонуни мазкур шаҳрвандонеро, ки аз муоинаи тиббӣ гузаштан намехоҳанд, маҷбуран аз ташхиси тиббӣ мегузаронад.

Мутобиқи маълумоти охир, дар Ҷумҳурии Корея 1146  ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки 12 нафар ҳалок гаштаанд. Аксари ҳолатҳои мубталошавӣ  дар шаҳри Тег ва вилояти ҳамсояи Кёнсан-Пукто  сабт шудаанд.

Акс аз бойгонӣ

 

Источник: khovar.tj